• формат djvu
  • размер 5,34 МБ
  • добавлен 05 декабря 2014 г.
Маҳмадзиёев А.М., Савлатов С.Х., Тошев А.С. Биологияи умумӣ. Синфи 10
Китоби дарсӣ. — Душанбе: XEROXLand, 2006. — 224 с.

Китобе, ки шумо аз он истифода мебаред, «Биологияи умумӣ» ном дошта, маълумотҳои заруриро оид ба қонунҳои умумии илми ҳаётшиносӣ (биология) дар бар гирифтааст. Шумо бо онҳо дар синфҳои поёнӣ шинос шудаед. Тавре ки ба шумо маълум аст, биология илми мураккаб буда, бисёр масоили он то имрўз ҳалли мушаххаси худро наёфтаанд. Масалан, масъалаи худи ҳаёт чӣ тавр, кай ва дар куҷо пайдо шудааст аз замонҳои қадим мавзўи баҳсу мунозираи олимон буда, ҳоло низ идома дорад. Тавассути ин китоб шумо мухтасаран ба масъалаи пайдоиши ҳаёт ва паҳншавии он дар кураи замин, алоқамандӣ ва тафовути табиати зинда ва ғайризинда, пайдоиши системаи сайёраҳо, моддаҳои органикӣ, аз ҷумла сафеда, ҳуҷайра, пайдоиши мавҷудоти якҳуҷайра ва серҳуҷайра ва билохира, ба муаммои пайдоиши одам ва мавқеи он дар табиати зинда шинос хоҳед шуд.
Биологияи умумӣ нисбат ба дигар фанҳои биологие, ки дар синфшои поёнӣ омўхтаед, қадре душвортар аст, зеро он асосан фанни назариявӣ буда, дастовардҳои илмии ҳамаи соҳаҳои биологияро таҳлил ва ҷамъбаст мекунад. Бо онҳо дар бобҳои алоҳидаи китоб шинос хоҳед шуд. Дар хотимаи ҳар мавзўъ барои такрор ва тафтиши дониши хонандагон саволҳо оварда шудаанд. Баъди омўхтани мавзўъҳо ба истилоҳоти дахлдор шинос мегардед. Барои беҳтар омўхтани китоб ба мундариҷаи он диққати ҷиддӣ диҳед, то ки тавассути он шумо мавзўъ ва саҳифаҳои даркориро пайдо карда тавонед.
Китобро тоза нигоҳ доред, варақҳояшро надарронед ва қат накунед. Дар байни саҳифаҳои китоб қалам, дафтар ва дигар ашёро нагузоред, аз матни мавзўъҳо ва расмҳои он эҳтиёткорона истифода баред, зеро ин китоб солҳои оянда ба рафиқ ё додару хоҳарчаатон низ лозим мешавад. Китобро гуруҳи муаллифон навиштаанд. Муқаддима ва бобҳои I-II ба дотсент Маҳмадзиёев А.М., бобхои III-IV ба дотсент Тошев А.С. ва бобҳои V-IX ба дотсент Савлатов С.Х. тааллуқ доранд. Аз сабаби хусусияти умумӣ доштани бисёр қонунҳои биологӣ мо тағйир додани расмҳоро аз рўи мақсад нашуморидем. Расмҳо аз рўи китобҳои ба забони русӣ нашршуда, ки дар барномаи таълимии биологияи умумӣ нишон дода шудаанд, истифода гаштанд. Дар китоб аз рўи имконият ва ба мавзўъҳо дахлдошта аз дастовардҳои илмии олимони ватанӣ маълумот оварда шудааст.