Зарубежная художественная литература
  • формат pdf
  • размер 1,11 МБ
  • добавлен 02 февраля 2017 г.
Сайидзода Зафар Шералӣ. Густариши ахлоқи миллӣ - посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ
Душанбе: Контраст, 2014. — 260 саҳ.
Яке аз рукнҳои саодат дар зиндагии инсоният ахлоқу маънавиёт ва фазилатҳои ахлоқӣ мебошанд. Дар партави ахлоқу маънавиёт робитаҳои иҷтимоӣ устувортар мегарданд, муносибатҳо муҳаббатомезтар мешаванд, шўру нишот бар зиндагӣ афзунтар мегардад ва талоши инсонҳо дар масири тараққиву такомул ҳадафмандонатар мешавад.
Масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҳар замон аз аҳамияти фавқулодае бархўрдор ҳастанд, вале дар асру замони мо, ки асри печидагии робитаҳо, густурдагии рўбарушди иртиботот, авҷ гирифтани фановарӣ ва тавсеаи иртиботот аст, дорои аҳамияти бештар мебошанд.
Муаллифи китоб – бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти тарбияи ахлоқӣ бе дар солимгардонии фарҳангии ҷомеа – донишмандон, пажўҳишгарон, таърихшиносон, ҳуқуқдонон, нависандагон, рўзноманигорон ва ҳамаи соҳибназарони коршинос ва касонеро, ки салоҳияти тарбияи афроди ҷомеаро доранд, ба баргузории як бозсозии фарҳангӣ даъват мекунад.