• формат pdf
  • размер 5,32 МБ
  • добавлен 30 ноября 2014 г.
Комилзода Ш. Эмомалӣ Раҳмон китобномаи шарҳиҳолӣ
Душанбе: Эр-граф, 2012. — 662 с. — ISBN 978-99947-919-
Китобномаи мазкур бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омўзишу тарғиб қарор додани осори арбоби барчастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тахия шудааст.
Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зеркисм иборат аст.
Маколаи мукаддимави рочеъ ба зиндагинома ва паҳлўҳои мухталифи фаъолияти сиёси ва рохбарии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мушаххас медиҳад.
Дар қисми якуми китобнома номгўи асару мақолаҳо, мусохибаву мулокотҳо, вохўриву суханронихои Эмомалӣ Раҳмон шомил шудаанд.
Кисми дуюми китобнома адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳои доир ба ўро дар бар мегирад.
Дар китобнома унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишори пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумоти таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери хамон китобҳо чой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо (бо истиснои асарҳои бисёрҷилда) ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Китобномаи мазкур маводи чопию электронии солҳои 1981-2012 нашршударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Точикистон, веб–сайтҳои Интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта 1,2 тартиб дода шудааст.
Барои осон намудани кори пажўҳандагон дар поёни китобнома кўмак-феҳристи ашхос пешниҳод шудааст.
Эмомали Рахмон. Биобиблиография — собрание ссылок на источники сведений, связанных с президентом Республики Таджикистан Э. Рахмоном.