Аудиокниги
  • формат
  • размер 200,00 МБ
  • добавлен 10 апреля 2016 г.
Саъдии Шерозӣ. Гулистон (на таджикском языке). Часть I (1/2)
Аудио кодек: MP3. Битрейт аудио: 128 Кбит/с. Общее время звучания: 6:23.
Гулистон - китоби дуюмин ва муҳимтарини панду андарзии Саъдист ва пас аз «Бӯстон» соли 1258 таълиф ёфтааст. Ин китоб як навъ шарху тавзеҳи насрии ҳикояҳои назмии «Бӯстон» мебошад. Вале дар он аз саргузашти шоир ва дидаю шунидаҳои ӯ хеле чизҳои нав илова шуда ва аз руи сабки нигоришу материал китоб мустакиман тоза ва оригинали гардидааст. Аммо шӯҳрати «Гулистон» дар адабиёти мо ва чаҳон нисбат ба «Бӯстон» бештар аст ва сабаб он аст, масъалаҳои ахлокии ин асар гӯётар, конкреттар ва фаҳмотар зикр ёфтаанд. Хикояҳои хурд-хурди насри ва ба чиҳати онҳо гузориши порчаҳои манзуми хулосави дар «Гулистон» бисёр нишонрас афтодаанд, зуд ба умки мо таъсир карда Моро ба сари андешаву хулосаҳои даркори меоранд. Аз тарафи дигар дар ҳикояҳои «Бустон» хаёлу андеша бештар буда, вале ҳикояҳои «Гулистон» асосан реали ва замини карор гирифтаанд.