
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Фарњанг намурданист ва маънавият канда шудан надорад.
Пурдањшаттарин фољиањои замон њам наметавонад маънавиятро
ќатъ бикунад. Моњияти њастии инсон маънавият аст ва ќуввае нест,
ки инсонро аз моњияти аслї мањрум созад. Албатта, шароити
ѓайриинсонї ќобил аст, ки инсонияти шахсро ба нестї расонад, дар
дили ў вањшониятро ќувват дињад ва дар љомеа пояњои одамиятро
суст кунад. Дар ин сурат њам одамияту маънавият поянда хоњад буд.
Вале бояд фаромўш накунем, ки замони тўфонии мо, пайи њам
омадани фалокатњои бузурги иљтимоъї, ки на имрўз, балки ду сад-
се сад соли пеш оѓоз ёфта, хусусан дар садаи бист ба ѓоят ќувват
гирифт, пояњои маънавии њастии тољиконро тамоман ба ларзонї
овардааст. Пастмаънавиятї, ки онро њатто бемаънавиятї метавон
номид, афзоиш дорад. Пайванди дирўзу имрўз дар фарњангу
маънавият, дар забон, дар урфу одат ва одобу услуб хеле суст
шудааст ва гоњ гумон меравад, ки пайванди замонии фарњангї
дигар вуљуд надорад. Аз љумла тафаккури китобї барњам хўрдааст
ва парастиши шеъру шеърият ба тамом аз миён рафтааст. Њоло аз
тољикон (ѓайр аз баъзе адибон) касеро намебинем, ки њангоми
гуфтушунид байте ба ёд оварад.
Дар замони шўравї аксари мероси фарњангї, осори мазњабї,
фалсафї, тасаввуфї, бисёре аз осори адабии замонњои гузашта,
хулќу одоб, урфу одат ва маросимњо, њатто љашни наврўз, њар чизе
ки аз мањсули андешањову таљрибаи гузаштагон, аз анъанаву суннат
доштем - њамагї чизи феодалию динии зарарнок дониста шуд ва бо
сахтгирии тамом манъ гардид. Дар љомеа њолате рўй дод, ки њама
муќаддасоти маънавї эътибор аз даст доданд, аз љумла китоб - ин
ганљинаи маънавиёти асрњо, ки дируз аз гањвора то ба тобут дар њар
ќадами мардум рањнамою мушкилкушои зиндагї буд, аз дидгоњи
идеологияи шўравї як унсури иртиљоии пурзиён дониста шуд.
Њоло дар тафаккури мардум, дар гуфтор ва одоби рафтор
наќше аз китоб ба нудрат ба назар мерасад. Аз тарбияи аньании
88