
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
пиндор айни њаќиќат аст. Кўшиши амалї кардани баъзе рукнњои
назарияи илмулмадинаи Форобї дар давлати хориљия, хуррамия,
исмоилия ва ѓайра низ бенатиља набуд. Низомулмулк дар садаи 11
ва Алишери Навої дар садаи 15 давлати маънавиасос ба вуљуд
овардан хостанд ва ба таљрибаи Сомониён, ба таълимоти Форобї,
Ибни Сино, Фирдавсї ва дигар мутафаккирон, ба бозљустњои
назарию амалии худ такя намуданд, вале кўшиши онњо кам натиља
дод. Пас аз ањди Сомониён агарчи дар тўли њазор сол асоси
маънавии љомеа устувор буд, ба мардуми Хуросону Мовароуннањр
дигар муяссар нашуд, ки давлате бо пояњои маънавї бунёд оваранд.
Бештари давлатњое, ки дар ин сарзамин рўи кор омадаанд,
моњиятан бегонаасос буданд ва зотан ба хусусиятњои маънавии
љомеа созгорї надоштанд.
Он навъи давлатдорї, ки дар замони шўравї аз соли 1924
таъсис шуд, пас аз чандин сада як ќисми тољиконро ба истиќлоли
сиёсии нисбї расонид, боиси комёбињои фарњангиву илмї,
пешрафти иљтимоъї (бештар пешрафти зоњирї) ва ободї гардид,
чанд гоње - ба хусус дар дањаи шасту њафтод андак осудањолии
моддї овард ва њоказо, вале низ аз анъанањои миллии кишвардорї
дур ва аз асоси маънавї мањрум буда, натавонист ба миллат
озодиву соњибихтиёрї биёварад, шароити рушди њакиќии
фарњангї, иќтисодї ва сиёсї омода бисозад.
Ин аст, ки пай афкандани бинои бузурги давлати миллии
тољикон, фароњам овардани шароити њатмии тараќќии маънавї,
иќтисодї ва иљтимоъиву сиёсии онњо вазифаи таърихии имрўз аст,
ки барои иљрои он алъон бояд остин барзанем. Давлати тозабунёди
тољикон он гоњ мутобиќи зењнияти миллї хоњад буд, ки анъанањои
устувори кишвардории миллиро, ки ќариб се њазор сол таърих
дорад, бо дастовардњои давлатдории демократии асри нав созгор
оварад. Тољикон ва аљдоди онњо дар ташкили љомеа, дар
пайгузории навъњои гуногуни кишвардорї, дар хаёлпарастињои
сиёсї ва ба вуљуд овардани муделњои ормонии давлат таљрибаи
104