
Хуросон аст ин љо
Агарчи осори Ањмади Дониш (1826-1897), ки сарвари
маорифпарварон ва ба гуфти устод Айнї, «дар муњити Бухоро ба
инќилоби илмї, адабї, иљтимоъї ва сиёсї рањбар ба шумор
меравад»
1
, аз дањаи бистуми садаи бистум диќќати муњаќќиќонро
ба худ кашидааст ва пажўњишгароне чун С. Айнї, Е. Бертелс, 3.
Раљабов, А. Бањоуддинов, Р. Њодизода, Ѓ. Ашуров, И. Шарифов
хеле љидду љањд ба харљ додаанд, то аќидањои фалсафї ва
иљтимоъиву сиёсии ўро бишиносем, эљодиёти маорифпарварони
ибтидои асри бист Мирзо Сирочї (Мирзо Сирољи Њаким, дуктур
Собир - 1877-1914), Мањмудхољаи Бењбудї (1875-1919), Сайид
Ањмадхољаи Сиддиќии Аљзї (1865-1927), Абдуррауфи Фитрат
(1884-1944), Тошхољаи Асирї (1864-1915) ва дигарон њанўз ќариб
тамоман мавриди тањќиќ ќарор наёфтааст. Ин насли дувуми
маорифпарварони тољик ки дар оѓози садаи 20 фаъолият дошта,
баъзе аз онњо дар сафи муассисони њизби коммунистии Бухоро
буда, дар инќилоб ширкат варзидаанд, бо вуљуди инњо дар замони
шўравї аз охири дањаи бистум иртиљоъии аксулинќилобї эълом
гардиданд. Аз ин рў тањќиќи осору фаъолияти аксари онњо манъ
буд ва онњоро дар навиштањо фаќат бо дашном ном гирифтан
имкон дошт.
Бозсозиву ошкорбаёнии Горбачов, ки соли 1985, оѓоз ёфт,
заминае фароњам овард, ки мероси равшангарони ибтидои ќарни
бист низ мавриди пажўњиш ќарор гирад. Моњи октабри соли 1988
бо ташаббуси Фарњангистони илмњои Ўзбекистон дар Тошканд
љамъомаде доир гардид, ки чанд нафар аз донишмандони
Тољикистон, як нафар аз Тотористон ва нафаре аз Озарбойљон
иштирок доштанд. Азбаски љунбиши љадидия дар байни
мусулмонони Ќирим, Ќафќоз, Тотористон ва Осиёи Марказї
интишор ёфта, хусусияти байналхалќї пайдо карда буд, дар
1
С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик. - М., 1926, сањ. 288.
115