
Хуросон аст ин љо
Ба фикри банда ояндаи мо мардуми тољик вобаста ба ин хоњад
буд, ки ба роњи худљўиву худрасии таърихии маънавї медароам ё
не. Эњёи миллї аз амиќрафти худогоњии таърихї, аз пургунљоишии
ёди маънавї ва фарњангиву мазњабї, ки њадафљўї ва дунёшиносии
хоссаро ќувват хоњад дод, оѓоз меёбад.
Албатта бозгашти мањз, бозгашти зоњирї ба гузашта, ба
дирўзу парирўз имкон ва зарурате надорад, вале ба асли худ
расидан, ба муњимтарин сифатњои аслии худ боз соњиб шудан зарур
аст. Бархе аз маънавиёти асрњои ќадимро айнан зинда кардан дигар
даркор нест, зеро моро ба аќиб хоњад кашид, лекин монанди
пештара ба маънавияти баланд расидан зарур аст. Маънавияти
нави имрўз бояд решапайванди рушди маънавии наслњои собиќ
бошад. Он тафаккури китобї, ки дар тўли асрњо ташаккул ёфта буд,
бидуни шак њоло бебозгашт аз миён рафтааст, вале зарур аст, ки боз
тафаккури китобї дошта бошем, ки нав бошад, шаклу тарзњои
ифодаи он аз тафаккури пешин фарќ кунад њам, моњиятан идомаи
он бошад, мазмуни тозаи замонї гирифта, њикмати асрњоро, ки дар
китоб гирд омадааст, яъне ёди фарњангиро бо дастовардњои
имрўзии ањли башар созгор оварда, барои тарбияи насли наврас ба
хидмат андозад. Он ноњияњои сарзамини тољикон, ки ба сабабњои
таърихї аз файзи тафаккури китобї бебањра ё камбањра монда
буданд, бояд ба њавзаи он кашида шаванд.
Тафаккури китобї имкон дорад, ки савияи баланди маънавият,
аз љумла савияи баланди шуури иљтимоъї ва шуури диниро таъмин
намояд, монеъи таассуби идеологї ва таассуби диниву мазњабї
бошад. Маънавият ва огоњии њаќиќї монеъи хурофот аст ва ин
мамониат барои љомеаи мо, ки аз анвоъи таассубгарої, аз љумла аз
таассуби атеистї ва динї бисёр осеб дид, хеле муњим аст.
Пайванди наслњо, пайвастагии фарњангию забонї, меросбарии
маънавї аз муњимтарин нишонањои шахсияти мутараќќї ва љомеаи
солим аст. Њар чи имрўз маънавияти шахс ва миллатро бо љомеаи
93