
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Шавќу њавас нисбат ба фарояндњои иљтимоъиву сиёсии
гузашта фаќат як љињати таърихияти назари Ањмади Дониш, боз
њам љузъи њаљман камтари он буд.
Дар эљодиёти Ањмади Дониш навъи дигари таърихият - дигар
як љанбаи назари таърихї, ки онро биниши таърихии маънавї
метавон номзад кард, ба ѓоят борвар омад. Фарњанги маънавии
миллат ва таърихи он бештар аз њама мавриди андешањои ў ќарор
ёфта буд.
Вай бо биниши таърихии фарохгире масъалањои фарњанги
маънавиро аз даврањои аввали исломият то садаи 19 аз назар
гузаронидааст. Умдатарин масъалањои бунёдии ислом, таърихи
фалсафа, тасаввуф, фиќњ калом, ахлоќ ва ѓайра дар «Наводир-ул-
ваќоеъ» баррасї шудааст. Вай баъзан ба аќидањои фалсафї, ахлоќї
ва иљтимоъиву сиёсии имом Ѓазолї, Алии Њамадонї, Насириддини
Тўсї, Хоља Ањрор, Абдурањмони Љомї, Абдулќодири Бедил ва
дигарон муфассалан таваќќуф менамояд, њамеша аз осори Хайём,
Саъдї, Њофиз ва мутафаккирони дигаре иќтибос меорад.
Ин њама таваљљўње, ки Ањмади Дониш нисбат ба гузашта
дорад, нишон медињад, ки ў фаќат нисбат ба аќидањои баъзе
андешапардозон, фаќат нисбат ба чанде аз гароишу тамоюлоти
замонњои гузашта алоќамандї зоњир накардааст, балки бисёре аз
таълимоти фалсафї ва фарњанги маънавии асрњои пешин љамъан ва
ба яклухтї мавриди мулоњизоти ў ќарор ёфтааст. Ба назар мерасад,
ки Дониш баъзе аз риштањои асосии рушди маънавии миллатро дар
чандин аср саросар ба андеша гирифта ва мувофиќи дархости
замони нав аз назар гузаронида, хулосањои умумї баровардан ва
љамъбаст кардан мехоњад. Андешапардозињои Ањмади Дониш
хусусияти љамъбандї дорад.
Бешак, њаргиз тасодуф нест, ки Ањмади Дониш ба осори Мирзо
Абдулќодири Бедил эњтироме вежа дошт. Вай навиштањое дорад,
ки фаќат аз тафсири баъзе байтњои Бедил, аз тањлили баъзе
128