
Хуросон аст ин љо
Муқаддимаи ин рисола «Њаёт ва ғояи њаёт» ном гирифтааст, ки
ин љо «ѓоя» ба маънои мақсади аслї омадааст. Аз њамин муқаддима
сар карда мафњумњое чун «сирри хилќати башар», «мақсади њаёт»,
«вазифаи инсония» ва ғайра, чанд гурўњи мафњумњо монанди а)
«вазоифи нафсия», «вазоифи оилия», «вазоифи навъия ё инсония»,
б) «фазоили нафсия», «фаризаи ахлоқї», в) «мављудияти шахсия»,
«мављудияти навъия», г) «ухуввати миллия», «ухуввати диния»,
«ухувати умумияи башария» (ки ин љо «ухувват» бародарї маънї
дорад) ва дигарњо, ки њама мафњумњои фалсафї ва оид ба фалсафаи
ахлоќанд, як-як маънидод шудаанд. Муаллиф бо ин мафњумњо
масъалањои ахлоќро аз сатњи фарду шахс то сатњи умуми миллат ва
умуми башар дар бар гирифтааст. Вай ба масъалањои хонавода
(оила), вазифањои хонаводагї, тарбияи хонаводагї, аз љумла
тарбияи фикрї ва ахлоқї, сифатњои тарбияи ақлї: «исобат» -
дурустии андеша, «истиќомат» - устувории андеша, «суръат» - тезии
фикр ва ғайра муфассал таваққуф намудааст. Дар бораи сифатњои
инсон: шуљоат, карам, бухл, наљд (мардонагї), субот, њилм, иффат,
сидќ, њамагї 28 сифати инсон ва тарбияи он сухан рондааст.
Аз номбари мафњумњое, ки мавриди баррасї гардидааст,
метавон пай бурд, ки муаллиф масъалањои назарию амалии
маънавияту ахлоқ, гоқ-гоње њатто таърихи баррасии онњоро
густурда фаро гирифтааст. Мақсади ў устувор кардани пояњои
одамият дар њастии инсон ва љомеа буда, инсонияти инсонро бедор
кардан, ќувват додан ва фаъол намудан мехоњад.
Вай бо мантиќи андешањои худ хонандаро бовар њосил
мекунонад, ки соњиби сифатњои инсонї шудан, ин сифатњоро дар
худ ва дигарон парвариш додан осон нест ва љањду љадал мехоњад,
вале зарур аст. Дар айни замон аз диди Фитрат тарбиятдидагї ва
тањсилдидагї њамбастаи якдигаранд, тарбият ва хуштарбиятї
бидуни илму дониш даст намедињад. Ў дар нахустин асари насрии
135