
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Њељ шубња нест, ки одамон ба њар диневу мазњабе ва аз њар
ќавмеву миллате ки бошанд, фарзанди як падаранд ва афроди як
љинс, ба иборати дигар бародарони якдигар њастанд. Пас лозим аст,
ки бидуни ќайду шарт бо њамдигар муњаббату шафќат дошта
бошанд».
1
Пантуркизми Фитрат хилофи ин аќидаи олии башардўстона
буда бар зидди манфиатњои тољикон равона гардид ва ўро ба он
водошт, ки нисбат ба халќи худ беинсофї ва зўроварї пеша гирад.
Зиёда аз ин вай нисбат ба тамоми љомеа адолати иљтимоъиро
поймол кард, зеро розї шуд, ки лашкари бегона Бухороро ишѓол ва
ѓорат намояд ва номи ин ишѓолгариро инќилоб гузошта, дар
«њукумати инќилобї» Фитрат њам ба курсии вазорат нишаст. Яке аз
нахустин корњое, ки пас аз инќилоб анљом ёфт, ин буд, ки бо
ташаббуси Файзуллоњ Хољаев - сарвари њукумати Љумњурияти
Халќии Шўроии Бухоро ва Фитрат мактабњои Бухоро ба забони
туркии усмонї ва баъдтар ба забони ўзбекї гузаронида шуд. Дар
идорахонаи Фитрат расме љорї шуд, ки њар кас ба форсии тољикї
њарф занад, панљ сўм љарима меситониданд.
2
Натиљаи њамин сиёсати пантуркистї буд, ки Бухоро ба сифати
як давлат барњам хўрд, Бухорову Самарќанд аз њудуди Тољикистон
берун монд, њатто чанд гоњ Хуљандро њам ба Тољикистон надоданд.
1
Фитрат. Рањбари наљот. «Садои Шарќ», 1992, № 9, сањ. 49. Байти аввали
шеъри Саъдї аз њадис омадааст. Пайѓамбари акрам фармуда:
«Фарзандони Одам аъзои як пайкаранд». Ин маънї дар достони Њинди
ќадим «Моњобњорот» низ омадааст: «Дар олами фонї њамагон аъзои
њамбастаи якдигаранд».
2
Шоњидони воќиа, аз љумла муаллим Саъидов соли 1930 дар анљумани
забоншиносони тољик, ки дар Сталинобод-Душанбешањр гирд омада
буданд, аз баъзе љузъиёту тафсилоти ин љаримаандозиву љаримаситонї
њикоят карданд. Мухтасари тунднавишти ин анљуман дар рўзномаи
«Тољикистони сурх» 1 сентабри 1930, № 196 чоп шуда буд, аммо аз љониби
Фитрат раддияе содир нашуд.
146