
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
ба Ќонуни асосї созгор бошад, лозим меояд, ки аз Ќонуни забон
њам калимаи «форсї» партофта шавад. Он гоњ талошу
муборизањое, ки равшанфикрони тољик солњои 1988-1989 дар роњи
барќарории њуќуќи забони форсии тољикї ва номи таърихии он
карданд, ќисман ба њадар хоњад рафт. Мо ба Ќонуни забони
Љумњурии Тољикистон поинтар таваќќуф хоњем кард.
Дар иљлосияи Шўрои Олии Точикистон аз таркиби номи
забони тољикони Осиёи Миёна фурўгузор шудани вожаи «форсї»
нишон медињад, ки аксарияти кулли намояндагони халќ (њамаи
онњое, ки барои ин ќарор овоз доданд) аз сарманзили худшиносии
таърихиву фарњангї фарсахњо дуранд. Дар њаќиќат на танњо ин
вакилон, балки бисёре аз тољикони Осиёи Миёна њанўз чандон
намедонанд, ки худ кистанд, халќашон чи халќест, забону
фарњангашон аз куљоњо сарчашма гирифтааст, чи хусусияту
вежагињо дорад ва имрўз ба кадом сў бояд биравад. Баъзе зиёъиён
њам дар ин масъалањо тасаввури равшан ва мушаххас кам доранд.
Як њадафи сиёсати миллии импиротурии шўравї
миллиятзудої буд. Мехостанд, ки халќњои мустамлика аз
хусусиятњои миллии худ, аз фарњанг, забон ва ѓайра мањрум
шаванд, худогоњии миллї то њадди имкон кунд бошад, шинохти худ
яктарафа ва мањдуд, ноќису номукаммал бимонад, аз доираи
идеологияи шўравї берун наравад. Бо вуљуди мањдудиятњои зиёде,
ки шароити таърихї, шароити мустамлика пеш оварда буд,
Садриддини Айнї бо асарњои адабї ва пажўњиши илмї бисёр љањду
љадал кард, ки худогоњии миллии тољикони Осиёи Миёна ба роњи
дуруст дарояд, худшиносии иљтимоъиву фарњангии онњо мутобиќи
воќеияти таърихї ё наздик ба он сурат бигирад. Фаъолияти
донишмандоне чун академик Бобољон Ѓафуров низ чунин маќсад
дошт ва пажуњишњои ў дар таърихи Осиёи Миёна, ба хусус китоби ў
«Тољикон» (1972) барои ташаккули ёди таърихии мардуми мо басо
пуртаъсир буд. Нависандагоне монанди Сотими Улуѓзода, хусусан
158