
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Абдулѓанї Мирзосв њамфикри Бањор аст ва аќида дорад, ки дарї
ба Мовароуннањр «дар ќатори забонњои пањлавї (форсии миёна) ва
суѓдї то ваќти истилои араб давом карда омадааст».
1
Садриддини
Айнї дар номае, ки ба номи фарзандаш Камоли Айнї навишта буд,
дар бораи ноњияњои густариши дарї дар Мовароуннањр боз њам
мушаххастар сухан рондааст. Вай гуфтааст, ки дарї хеле пештар аз
исломият «дар Хуросони шарќї (марказаш Балх), дар Чаѓониён
(дар Тирмиз ва Њисор, дар Хатлон ва дигар кўњистони
тољикнишин) зинда буд».
2
Бар ин ки дарї он гоњ дар Бухоро њам интишор дошт, на танњо
аз суруде, ки дар бораи ишќи саркардаи араб Саъид бинни Усмон
мардуми Бухоро гуфтаанд, балки аз ин њам бовар њосил мекунем,
ки њамчунонки машњур аст, чун Ќутайба бинни Муслим соли 713-и
мелодї дар Бухоро масљиди љомеъ бино кард, маљбуран чанд сураи
Ќуръонро ба порсї тарљума кунонид ва мардум ба порсї намоз
мехонданд. Аз ин ки мањз ба порсї тарљума кунонидани намоз
лозим омад, ошкор аст, ки мардум њама ё аксарият порсигўй
будаанд. Соли 728-и мелодї як мубаллиѓи ислом дар Самарќанд аз
таблиѓот даст кашид ва чунин узр пеш овард, ки забони форсиро
хуб намедонад
3
. Пас дар аввали исломият дар Самарќанд њам
барои таблиѓ порсї донистан лозим буд, яъне ошкор аст, ки мардум
њама ё аксарият порсигўй будаанд.
Гумон намеравад, ки ба форсї тарљума кардани намоз ё ба
форсї ваъз гуфтан ба он сабаб зарур омад, ки аз Эрони сосонї ба
1
А. Мирзоев. Забони адабиёти классикї ва муносибати он бо
забони имрўзаи тољик, маљаллаи «Шарќи сурхи», 1949, № 4, сањ
14.
2
Ниг.: К. Айнї. Як сина сухан барои гуфтан дорам, њафтаномаи
«Адабиёт ва санъат», 16 сентабри 1993, № 38, сањ 4-5.
3
Ниг.: Н. Неъматов. Таджики, исторический Таджикистан,
современный Таджикистан (Тољикон, Тољикистони таърихї,
Тољикистони кунунї). - Гиссар, 1992, стр. 20-21.
170