
Хуросон аст ин љо
њама эрониён аз Форс то Чин итлоќ мегардид, рафта-рафта бештар
ба њамин эрониёни шарќї нисбат пайдо карда, номи инњо шуд.
Њоло маънои вожаи «тољик» ва пайдоиши он чандон маълум
нест ва дар ин бора чанд тахмини илмї мављуд аст ва як њукми
ќатъї баровардан њанўз имкон надорад. Шояд дуруст аст, ки чун
форсигўйњо пештар аз дигарон ислом оварда, гўё ба тозињо - арабњо
нисбате пайдо намуданд, номи онњо тозик ва тољик шуд ё «тољик»
аз калимаи «тот» (ки эронї гуфтан аст) пайдо шудааст (тот+љик) ва
ё аз номи ќавми «додик», ки дар Хуросону Тахористон сукунат
доштанд, омадааст ва ё ки зардуштиёнро, ки кулоњи тољмонанде
доштаанд, тољик меномиданд ва баъд ин калима ба њама эрониён,
хусусан ба эрониёни шарќї итлоќ шуд ва њоказо - пайдоиши вожаи
тољик чи сабаби таърихї, ки дошта бошад, ба њар њол метавон гуфт,
ки як номи муштарак пайдо кардани суѓдињо, хоразмињо,
бохтарињо, ањли Зобулу Систон ва ѓайра ба забони муштарак пайдо
намудани онњо вобастагие дорад. Чунонки дар китоби академик
Нўъмон Неъматов ба тафсил омадааст, ташаккули халќи тољик дар
Мовароуннањру Хуросони ањди Сомониён дар натиљаи «ташаккули
умумияти забон, умумияти њудуд, умумияти маданият» сурат
гирифтааст
1
, вале равшан аст, ки умумияту ягонагии фарњанг дар
байни ќавмњои эронии ин сарзамин пеш аз дигар ўмумиятњо оѓоз
ёфта, густариши забони форсии дарї њамгунии онњоро хеле ќувват
дод ва нињоят фаро расидани умумияти њудуд, яъне муддати дуру
дарозе устувор мондани давлати Сомомиён фароянди ташаккули
ягонагии ин ќавмњо, фароянди шакл гирифтани халќи тољикро ба
анљом расонид. Дар ин занљираи омилњо забони ягона аз халќањои
асосист. Забони ягонаи форсии дарї аз ќавмњои эронї як халќи
эронї ба вуљуд овард ва эрониёнро ба эњёи миллї расонд. Забони
1
Ниг.: Н. Неъматов. Давлати Сомониён. - Душанбе, Ирфон, 1989,
сањ. 232-254.
175