
Хуросон аст ин љо
равандњоро гўё љамъбаст кард ва барои муайян шудани роњу
равиши баъдї имкониятњои тоза љуст. Осори Айнї пулест, ки
дирўзро ба фардо мепайвандад. Мо мардуми тољик агар хоњем, ки
ба анъанањои бостонии форсии дарї, ба суннатњои «форсии дарии
рањи рост»-и бидуни печидагї ва муѓлаќї содиќ бошем, ба аќидаи
камина бояд дар роње, ки устод Айнї паймудааст, ќадам занем.
Форсии Осиёи Миёна дар як муддати тўлонии зиёда аз њазор
сол асолати форсии дариро нигањ дошта, чи дар гуфтор, чи дар
навиштор, чунончи дар осори бисёрии намояндагони асосии адаби
форсии ин диёр њамон равияњоеро, ки аз Рўдакиву Фирдавсї,
Абўалии Балъамї, Ибни Сино, Абулфазли Байњаќї ва монанди
инњо монда буд, идома додааст. Табиъист, ки бо мурури замон ба
таќозои шароити таърихї дигаргунињое ба забон ворид меомад,
чизе аз байн мерафт ва чизе нав пайдо мешуд, аз љумла забони
халќњои њамсоя таъсире иљро мекард, ки гоње таъсири мусбат буд,
гоње манфї буд. Бо вуљуди инњо асли моњияти форсии дарї мањфуз
монд. Аз ин љост, ки форсии Осиёи Миёна дар асрњои охир њам дар
дигар минтаќањои ќаламрави забони форсї эътибори худро аз даст
надод ва њамчунон намунаи ибрат буд. Имрўз њам форсии тољикї
хусусиятњое дорад, ки ба назари форсигўёни дигар ноњияњо
ибратомўз меояд. Бисёре аз ин вежагињои форсии тољикии имрўз ба
асли форсии дарї алоќа дошта, моро ба саргању сарманшаъњои
форсии асил мебарад ва аз ин рў сазовори он аст, ки махсусан
омўхта ва эњтиёткорона нигахдорї шавад.
Ин њам мояи ифтихори миллати тољик аст, ки дар тўли асрњо
форсии дарї – ин зодаи табъу завќи аљдодони, худро дар зодгоњаш
ба намо ва софию покї бидошт. Сазовори тањсин аст, ки агарчи дар
баъзе даврањо, хусусан асрњои охир замона сахт решакан омад,
тољикони Осиёи Миёна дар дил чунон ќувваю тавон ёфтанд, ки худ
ва забону фарњанги худро њифз намуданд ва чунон њифз намуданд,
ки асолату табиъияти аввалаи он осеб надид. Тољикони мо њазор
187