
Хуросон аст ин љо
чунин эзоњи он муаллим ман хоњиши ўзбек нависонданро ба аммаи
пиронсолам Иќболхон, ки дар хонаи ў зиндагї мекардам,
нарасондам. Рўзи рўйхатгирї чун аз аммаи ман миллат пурсиданд,
гуфт, ки форс њастам. Руйхатгир гуфт: Форс бошед, эронї будаед,
магар шеа њастед? Аммаи ман аз эњтимоли нисбат ёфтанаш ба
шеањо хеле тарсид ва гуфт: не, не, бачем, худо нигоњ дорад, эронї
нестам. Љавони рўйхатгир пурсид: Пас кистед? Аммаам гуфт: Тољик
нависед, бачем, тољик. Љавон гуфт: Тољик бошед, масчої будаед, ин
тавр бошад, чаро ин љо зиндагї мекунед, ба Тољикистон равед!
Аммаам аз ин ки ўро ба мардуми кўњистони Масчоњ нисбат доданд,
ранљид ва тарсид, ки ба он сў хоњанд кўчонид. Ин хавф њамеша мо
мардуми Бухороро тањдид мекард. Аммаам ба илтиљо даромад:
Бачем, мани пир куљо меравам, равам, дар роњ мемурам. Ва хомўш
монд. Љавон њамоно мегуфт: Охир гап занед, миллати шуморо чи
нависам? Аммаам њайрон буд, ки чи гўяд ва гуфт: Намедонам,
бачем. Он гоњ љавон ба сари маќсад омад: Донед, ки шумо, на форс
њастед, на тољиќ, шумо ўзбек њастед, ўзбечка, фањмидед? Фаромўш
накунед! Аммаам розї шуд: Хайр, хайр, бачем, ўзбек нависед,
илоњи барака ёбед.
Чунонки мебинем, барои ин ки мардум худро ўзбек шуморанд,
таблиѓгарони пантуркизм хеле нозук рафтор мекарданд: њам
ихтилофоти миёни шеаву суннї, њам тафовути байни тољикони
водињову кўњистон, њам сиёсати истеъморгарони Маскав, ки ба
зўроварии пантуркистї ва турксозии тољикон бо бепарвої
менигаристанд ва бисёр чизњои дигарро истифода мебурданд.
Он рўзи љоншумор чун навбат ба ман расид, ман миллати
худро тољик гуфтам. Рўйхатнавис гуфт: Модомки аммаат худро
ўзбечка нависонданд, ту чаро тољик будаї? Ту њам ўзбек њастї. Ман
сахт истодам, ки тољик њастам. Рўйхатсоз кўшиш кард, ки чунонки
ба аммаам фањмонда буд, ба ман њам фањмонад, ки ман тољик
нестам. Вале ман бо пофишорї гуфтам, ки тољик нависед. Он гоњ
199