
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
ќадим як ќисми Туркистон буд, ватани аслии ќавмњои туркинажод
ва фарњанги онњост. Инкори мављудияти эронїёни тољик дар
Мовароуннањр поя бар њамин даъво дошт. Донишмандон, аз љумла
баъзе шарќшиносони аврупої чандин бор исбот кардаанд, ки
њамреша донистани вожањои «турк» ва «Тўрон» нињояти бесаводии
таърихист ва ин ду вожа дар пайдоиш ба њам робитае надоранд.
Асли эронии вожаи «Тўрон» ва ба вожаи «турк» робита надоштани
он аз китоби Айнї «Намунаи адабиёти тољик» худ ба худ ошкор
шуд. Аз ин китоби Айнї дигар љои шубња намонд, ки
Мовароуннањр аз ањди бостон ватани ориёиён, ватани порсии дарї
ва адабиёти нави форсї будааст ва аљдоди тољикони кунунї онро
ба вуљуд оварда, дар њазор соли охир барои равнаќу ривољи он
њиммат гумоштааанд. Устод Айнї нагузошт, ки миллати тољикро
аз ватанаш ва таърихаш, аз забони адабї ва адабиёту фарњангаш ё
ки аз як ќисми мероси адабиаш мањрум кунанд. Агар он аќида, ки
гўё тољикон забони адабї надоранд ва барои онњо аз гўиши кўчаву
бозор забони адабї бояд сохт, ё он аќида, ки адабиёти тољикї аз
ќарни 19, аз Ањмади Дониш ва ё аз ќарни 16-17 оѓоз ёфтааст, - агар
ин аќидањо ё ки яке аз онњо ѓалаба мекард, ташаккули миллати
тољик ва шуури миллї ба роњи нодуруст медаромад. Агар ин
аќидањо ќабул мешуд, натиља он мебуд, ки ёди таърихии мардуми
тољик номукаммал ташаккул меёфт, худшиносии маънавї ва
худогоњии миллии онњо аз заминаи воќеъияти таърихї канда шуда,
мазмуни нодуруст ва хилофи њаќиќати воќеъї пайдо мекард. Ёди
таърихї, ёди фарњангї, ки дар асоси воќеъият ташаккул ёфтааст,
рањнамои миллат дар љустуљўњои иљтимоъиву маънавии имрўзу
фардост. Бидуни ёди фарњангї ва бо ёди дурўѓин дар печидагињои
рафти таърих роњи дуруст ёфтан аз доираи имкон берун аст.
Талошњои Айнї худљўиву худрасии мардуми тољикро ба роњи
дуруст равон кард, барои ин, ки ёди таърихии миллат то њадди
имкон наздик ба воќеъият бошад ва худшиносии миллї аз бунёди
208