
Хуросон аст ин љо
Дар Тољикистон њам дар андак муддат аз «Шоњнома» достони
«Рустаму Сўњроб», «Бањроми Чўбина» ва чанд пораи дигар,
шеърњои Рўдакї, «Мунтахабот»-и Њофиз, Зебуннисо ва дигарон
паи њам аз чоп баромад. Муњимтар он ки Айнї љиддан ба
пажўњиши илмї оѓоз намуд ва дар байни ду - се сол шаш китоби ў
ба табъ расид: «Шайхурраис Абўалї Сино» (1939), «Устод Рўдакї»
(1940), «Дар бораи Фирдавсї ва Шоњномаи ў» (1940), «Шайх
Муслињиддин Саъдии Шерозї» (1940), «Алишери Навої» (1941),
«Як симои номашњури адабиёти тољик – Восифї» (1941). Ду
рисолаи охир дар маљалла чоп шуда буд. Ѓайр аз ин вай чанд
маќола дар бораи таърихи иљтимоъиву сиёсї, забон, мусиќї
навишт. Сабки Айнї дар он рисолањо аксаран соф сабки илмї нест,
балки муаллиф бо њиссиёти баланд ќалам меронад, бештар ба
љунбиш овардани шуури иљтимоъии хонандаро дар назар дорад,
мехоњад, ки дарњои ганљинаи забону адаб ва таърихи фарњангро ба
рўи миллат кушояд. Аксари ин асарњои ўро публисистикаи илмї
метавон њисобид, ки муаллиф илмро чун силоње дар майдони
муборизаи иљтимоъї ба ѓоят устокорона ба кор бурдааст.
Дар аксари китобњое, ки Айнї дар бораи классикони адабиёт
навиштааст, масъалаи забон дахл шудааст, хусусан дар рисолањои
рољеъ ба Рўдакї, Фирдавсї ва Ибни Сино масъалаи забон аз
масъалањои асосї буда, наќши њар кадоми онњо дар ташаккули
забони форсии дарї баррасї гардидааст, муносибати забони онњо
ба лањљаи тољикони Осиёи Миёна нишон дода шудааст.
Устод Айнї аз забони ин се бузургвор пеш аз њама содагї ва ба
форсии тољикии кунунї бисёр наздик будани онро ба таъкид ќайд
мекунад. Чунончи дар бораи Рўдакї мегўяд: «Забони шеъри Рўдакї
бисёр содда ва њамафањм аст, ў калимањои арабиро бисёр кам кор
мефармояд ва аз суханњои форсї-тољикї њам бештар соддатарин ва
оммафањмтаринашонро чида гирифта ба кор мебарад. Рўдакї
хошок, дош, хархаша ва фартут барин калимањои кўчагии
213