
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
аќидае пеш ронд, ки њамон форсии содаи классикї бояд имрўз њам
забони адабии тољикон бошад ва онро ба оммаи мардум боз
наздиктар овардан зарур аст, то ки забони адабї аз «забони содаи
авоми тољик» дур наравад.
Ба ин муносибат масъалаи фарќи забони тољикї ва форсї ба
миён омад. Айнї соли 1928 гуфта буд: «Касе, ки ба адабиёти кўњна
ва нави форсї ва тољикї шиносої дорад, ба хубї медонад, ки дар
миёни инњо фарќи асосї нест»
1
. Чунонки мебинем, Айнї таъкид
мекард, ки байни забони форсї ва тољикї «фарќи асосї» набошад
њам, тафовуте њаст ва ба ин сабаб форсии адабии имрўзро барои
тољикон айнан пазируфтан ва забони адабї ќарор додан нашояд.
Айнї аз љумла ба таъкид гуфта буд, ки «забони нашри матбуоти
имрўзаи Эрон 60-70 фоиз ба арабињои мушкил омезиш ёфтааст» ва
номаеро, ки аз Кирмоншоњ расида дар маљаллаи тољикии «Рањбари
дониш» чоп шуда буд, мисол оварда, забони онро чунин арзёбї
карда буд: «Ин мактуби 15-сатра њамагї тахминан 150 калима буда,
аз онњо танњо 33 калима форсї аст, ки бештарини инњо њам
монанди «чун, ки, аст» адот ва робита аст».
Устод Айнї ба яке аз соњибони чунин номањо аз љониби
мудири «Рањбари дониш» љавобе навишта «далелњои лузуми сода
кардани забонро» баён намудааст ва аз Эрон ин љавобро
гирифтааст: «Далоили мазкураи рољеъ ба тарзи тањрири маљаллаи
«Рањбари дониш» мутобиќ бо аќл ва мантиќ аст. Ба тавре ки
марќум намудаед, љароиди Эрон мавриди истифодаи умумї
намебошад ва муњимтарин рўзномаи ин мамлакат шояд мутаљовиз
аз њазор хонанда дар байни дањ милюн нуфус надошта бошад».
Ошкор аст, ки он равшанфикри эронї, ки мутаассифона
номаш зикр нашудааст, роњу равиши Айнї ва њамфикрони ў, аз
љумла равияи услубии маљаллаи «Рањбари дониш»-ро маъќул
1
С. Айнї. Куллиёт, љ. II, ќ. 2, сањ 350.
224