
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
њам ду пора шуд ва ин ду пора њар чи бештар нишонањое пайдо
мекард, ки нишонањои дурї љустан аз якдигар буд. Вале дар айни
њол риштањои пайванд, ки ин ду пораро аз њам дур шудан
намегузоштанд, хеле пурзўр буданд. Агарчи он ду пораро ду
адабиёт мегуфтем, ба њар њол њар дуро адабиёти олмонї
меномидем, намегуфтем, ки яке аз инњо адабиёти олмонї нест.
Байни ду пораи адабиёти олмонї як асоси умумии миллї мављуд
буд, ки њардуро ба њам мепайваст.
Маълум аст, ки адабиёти халќњои шўравиро «адабиёти шаклан
миллї ва мазмуман сотсиалистї» ба ќалам меоварданд. Яъне
шакли миллии адабиёти њар кадоме аз ин халќњо эътироф мешуд.
Шакли миллї ва дар бисёр мавридњо асоси миллии адабиёти њар
халќ аз байн нарафта буд. Камина муаллифи ин сатрњо чандин сол
масъалаи анъанаву навовариро дар насри реалистии адабиёти
шўравии тољикї аз назар гузаронида, њар сари чанд гоњ таъкид
менамудам, ки агарчи насри реалистї, роман, ќисса ва њикояи
замонї дар адабиёти шўравии тољикї ба тамом чизи нав аст, ба
реализми сотсиалистї тааллуќ дорад, яъне дар мазмун аксаран ё
дар бисёр мавридњо аз фармудаи дастгоњи идеологии шўравї
гардан натофтааст (ва њаргиз наметавонист гардан битобад), бо
вуљуди инњо наќши анъанањои бостонии адабиёти Шарќ дар ин
наср ба ѓоят муассир аст, шакли миллии он ба ѓоят пурзўр аст.
Метавон гуфт, ки насри нави реалистии тољикї чи дар шаклу чи
дар мазмун асоси миллї дорад. Асоси миллии он гоњ камтар ва гоњ
бештар падид меомад, вале њељ гоњ аз байн нарафта буд. На танњо
наср, балки њама адабиёти шўравии тољикї чунин буд.
Њамин асоси миллии адабиёти тољикии кунунї аксаран дар
байни адабиёти форсии Эрон ва даризабони Афѓонистон муштарак
аст, чизест, ки инро бо онњо мепайвандад. Ва ин на пайванди андак
ва љузъї ва ё гоњ-гоњї, балки куллї ва њамешагї буд. Љањонбинии
иљтимоъиву сиёсї ва мазмуни идеологї дар адабиёти шўравии
240