
Хуросон аст ин љо
Чунонки зикраш гузашт, дар њудуди солњои бисту сї як гурўњ
адибону донишмандон, аз љумла устод Лоњутї пешнињод карданд,
ки забони адабии њозираи Эронро барои тољикон њам ба сифати
забони адабї ќабул бояд кард. Аммо устод Айнї ва њаммаслакони
ў ба ин фикр зид баромаданд. Пас аз панљоњ-шаст сол, дар њудуди
солњои шасту навад њам боз шахсоне пайдо шуданд, ки аз форсии
тољикї даст кашида, форсии Эрон ё Афѓонистон ва ё омехтаи ин
њардуро ќабул кардан мехоњанд. Дар байни забоншиносон, адибон,
рўзноманигорон касоне њастанд, ки чун хома ба даст гирифтанд, аз
форсии Афѓонистону Эрон айнан нусха мебардоранд, чизе аз ин ва
чизе аз он мегиранду њељ нигоњ намекунанд, ки ин њарду ба њам
созгор омад ё не.
Ин хомаронњо фаромўш мекунанд, ки таќлид ва
нусхабардории мањз дар кўдакї хуш аст ва гоњ дар аввали кор шояд
љоиз бошад, вале умуман касеро ба сарманзили маќсуд
нарасонидааст, балки њамаро аз халлоќияту эљодкорї дур бурдааст.
Мо бояд чун кўдаки таќлидкор амал накунем ва аз форсии Эрону
Афѓонистон айнан нусха набардорем, форсии тољикии худро бо
форсии Эрону Афѓонистои иваз накунем, балки мањз форсии
тољикии Мовароуннањри таърихиро ривољ дода, барои ислоњи
камбудињои он ки ахиран пайдо шудаанд, аз форсии Афѓонистону
Эрон мадад биљўем, нигањдошти асолати сухан ва матонати
классикии онро биёмўзем, дуруст ва зебо сухан карданро ёд
бигирем.
Чандест, ки донишмандони эронї дар рўзномаву маљаллањои
кишвари худ аз мушкилоти забони форсї сухан меронанд, дар
бораи камбудињои он сўњбатњои доманадор меороянд. Ваќте ки ин
маќолањоро мехонем, баъзеи онњо хеле муболиѓаомез ва
боварнокарданї менамоянд. Масалан муњандис Мањдии Фирўзон
дар маќолае ба номи «Офати забони форсї» навиштааст: «Бовар
кунем, ки забони форсї даврони номатлуб, буњронї ва хатарнокеро
249