
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
истифодаи комёбињои бузурги форсии Эрону Афѓонистон дорої ба
дороии худ хоњад афзуд.
Муњимтарин сифатњои азалии форсии Мовароуннањр,
сифатњое чун содагиву равонї, бетакаллуфї ва њазар аз печидагї,
камтар раѓбат нишон додан ба вожањои арабї, бахусус арабињои
ѓализ, бештар истеъмол намудани арабињои содае, ки дар гуфтори
мардум, дар забони умумихалќии тољикони Осиёи Миёна дида
мешавад, худдорї аз љамъи арабї, алалхусус љамъи шикаста ва
њоказо бояд дар замони мо бештар ќадршиносї шавад. Њамаи ин
хусусиятњо дар забони адабии классикї, хусусан дар навиштањои
муаллифоне, ки аз Мовароуннањру Хуросонанд, дида мешавад. Дар
форсии садањои гузашта љамъи арабї гоњ зиёд ба назар мерасад,
лекин дар осори ањли Хуросон гоњ љамъи арабї муфрад тасаввур
шудааст, яъне љамъи арабиро бо нишонањои форсї дубора
љамъбандї кардаанд. Инро дар бисёр асарњо мебинем. Чунончи дар
китоби Ањмади Тўсї «Аљоиб-ул-махлуќот» (ќарнї 12) љамъи арабї
бо нишонањои љамъи форсї фаровон ба кор рафтааст: «Чун
мамлакати олам ба Искандар расид, љамъ-љамъ ва дар офоќњо
бигардид ва улумњоро њосил кард... ва номае набишт, ки ба тоат
оянд ва гар на он равад, ки бо мулукони дигар рафт». Инњо њама аз
гуфтугўи одии мардум ба сањифањои китоб гузаштаанд», чунонки
имрўз њам аљдодњо, авлодњо, уламоњо, фузалоњо, авлиёњо, арвоњњо,
туљљорњо мегўем ё ки иборањои њадду њудуд, њаќќу њуќуќ, њолу
ањвол, сирру асрор, шарту шароит ва ѓайра чун љуфти муродиф ба
кор мераванд, яъне љамъњои њудуд, њуќуќ, ањвол, асрор дар ин
иборањо мутародифи њад, њаќ, њол, сир тасаввур шудаанд. Ин
љамъњои арабї дар фањми мардум танњоанд ё исми љомеанд ва бо
њамин пиндор гоњ ба забони адабї њам роњ ёфтаанд.
Камина тарафдори он нестам, ки минбаъд њам дар забони
адабї арабии љамъ бо пасванди тољикї дубора љамъбандї шавад,
яъне шуароњо, удабоњо, баёнотњо, ахборотњо, аъробњо ва монанди
256