
Хуросон аст ин љо
Чун дар замони бозсозї (перестройка) ва ошкоробаёнии
(гласностъ) Горбачов, дар охири дањаи њаштод дар њама
љумњурињои шўравї љунбиши миллї ќувват гирифт, дар
Тољикистон ин љунбиш боз аз мубориза дар роњи забони миллї
оѓоз ёфт. Боз масъалаи забон масъалаи асосии љомеа гардид.
Тољикистон пештар аз дигар љумњурињои шарќии шўравї барои
њуќуќи забони миллї, барои расмияти давлатї пайдо кардани он
талош сар кард. Метавон гуфт, ки соли 1988-1989 тамоми халќи
тољик дар ин талош иштирок намуд. Сарварони онваќтаи
Тољикистон мехостанд халќро ором кунанд ва шахси якуми кишвар
гуфт: «Масъалањои асосии љумњурї масъалаи озуќа, манзил ва
монанди инњост, на масъалаи забон!» ва масъалаи забон «ба
бозсозї муносибате надорад»
1
. Сарварон вазифаи рўзро танњо дар
моддиёту иќтисод, фаќат дар истењсолу истеъмол медиданд, аммо
халќ бо пофишории тамом масъалаи таъмини њуќуќи забони
миллиро низ масъалаи асосї ба шумор овард. То «Ќонуни забон»
ќабул ва форсии тољикї забони давлат эълон нашуд, халќ ором
нагирифт. Агарчи он солњо масъалаи озуќа, манзил ва ѓайра дар
њаќиќат масъалаи муњим буд, мардуми мо масъалаи забон ва
маънавиятро баробари он, њатто аз он муњимтар донистанд.
Зиёъиён ва њама мардуми тољик он гоњ дуруст фањмида буданд, ки
дар байни манфиатњои миллї кадоме ањамияти якумдараља дорад.
Онњо дар пеши иќтисоду сиёсат ба фарњангу маънавият бартарї
доданд, ки айни савоб буд. Мубориза дар роњи забони миллї,
фарњанг ва маънавият мардумро муттањид кард ва халќ гўё аз як
гиребон сар баровард. Дар ин маврид маромномаи болшавикон, ки
ба моддиёту иќтисодиёт ва сиёсат бартарї медоданд, фарњангро дар
навбати охир мегузоштанд ва аз маънавиёт ёде намекарданд, рахна
1
Ниг.: рўзномаи «Коммунист Таджикистана», 4 марти 1989;
инчунин муррољиат шавад ба: М. Шукуров. (М. Шакурї) Забони
мо њастии мост. - Душанбе, Маориф, 1991, сањ. 110-113.
269