
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Њамон рўзи 20 июли 1994, ки порлумони Тољикистон аз номи
забони мо аз таъбири «забони тољикї (форсї)» калимаи «форси»-ро
берун андохт, нисбат ба забони модарї боз як тасмими нораво
гирифт: њангоми баррасии матни лоињаи Ќонуни Асосии Љумњурии
Тољикистон истилоњотеро чун додгоњ додгустар, додситоп, раиси
љумњур рад карда, ба љои онњо вожањоеро аз ќабили суд, судя,
адвокат, прокурор ќабул намуданд. Он аъзоњои порлумон, ки
намояндаи халќ ном дошта, вале аз андешаи миллї орию барї
буданд, њељ мулоњиза накарданд, ки агар аз номи забони миллї
калимаи «форсї»-ро кўр кунем, агар аз дод, додхоњ додгоњ
додгустар ва ѓайра, аз чунин калимањои асили тољикї даст кашем,
ќисман аз асли худ даст хоњем кашид.
Наметавонам аз чунин эзоње худдорї кунам: калимаи дод ба
маънои ќонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне се њазор
сол аст, ки дар забони мо вуљуд дорад. Онњое, ки дар айёми мо, дар
даврони истиќлоли миллї онро аз Ќонуни асосї, аз миёни
истилоњоти њуќуќї ва иљтимоъиву сиёсии он берун андохтанд,
хилофи таърихи се њазор сол рафтанд.
Он «вакилони халќ», ки мегуфтанд: «Я горжусь, что я –
таджик», аз бозе ки «Ќонуни забон» ќабул шуд, яъне аз соли 1989 то
1994 як бор дар порлумон дар бораи- забони халќи худ масъалае
муќокима накарданд, аз њоли забони миллї хабар нагирифтанд, аз
касе напурсиданд, ки чаро дар ин панљ сол аз 37 моддаи «Ќонуни
забон» њанўз як модда иљро нашудааст. Албатта ба сабаби
нооромињо ва љанги хонагї иљрои ин вазифа номумкин омад. Вале
наход њељ имкон набуд, ки лоаќал ду-се моддаи Ќонуни забонро ба
иљро расонем ё лоаќал иљрои онњоро шурўъ кунем? Албатта ин кор
хусусан имрўз дар замони бўњрони умумї душворињо бисёр дорад.
Лекин шояд бо маслињату машварат бартараф кардани баъзеи ин
душворињо имкон мепазируфт? Ва њоказо. Зарурати муњокимаи
чунин масъалањо дар порлумон боре ба гўшаи хотири
274