
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Ба фањми банда, имрўз низ љањонгарої, пеш аз њама, навъе аз
худшиносии миллист, шинохти хештан дар миёни мардуми љањон,
дар муќоиса бо халќњои дигар аст. Онњое, ки гумон мекунанд имрўз
љањонгарої шинохти халќњои дигар, кашфи асрори тамаддунњои
ношинохтаест, ба фикри банда, сањв мекунанд. Албатта, бояд
дигаронро бишносем, то њар кори нек, ки онхо метавонанд, мо низ
битавонем. Лекин асли маќсад на бегонашиносист, балки шинохти
дигарон барои расидан ба шинохти хештан аст. Маќсади аслї
њамон аст, ки Суќроти њаким дар Юнони бостон гуфта буд: Худро
бишинос! Фалсафаи исломї моњияти маънавии мафњуми
худшиносиро хеле амиќ бурд ва дар фалсафаи ирфон худшиносї ва
худошиносї њамбаста омад ва гуфтанд: Хеш бишнос, то Худои хеш
бишносї. Азбаски Худованд инсонро ба сурату сирати худ
офаридааст, шинохти нафс оќибат ба шинохти зоти Худованд
меоварад. Огоњї аз худ воситае барои покї аз гуноњњо, воситае
барои бартарафии норасоињои ахлоќу одоби худ, воситае барои
расидан ба Њаќ аст. Дар роњи њаќљўи, ба вежа дар садаи бисту як
љанбаи маънавї - иљтимоъии худшиносї, аз љумла худшиносии
миллї, худшиносии таърихї, фарњангї, фалсафї ва ѓайра барои њар
фарди љомиа ва тамоми халќ њар чи бештар зарурат пайдо кард.
Барои ин ки ба хештаншиносї бирасем, аз љумла лозим меояд, ки
нигоњи худ гоњ аз худ ба дигарон бигзаронем ва боз аз дигарон ба
худ биёварем, то худро бо дигарон муќоиса бикунем ва бо ин
муќоиса тавоної ва нотавонии хеш бидонем. Даст ёфтан ба
фарњанги бегона боиси он мегардад, ки њувияти фарњангии худро
бењтар бифањмем, монандии худ ба дигарон, фарќи худ аз
дигаронро бењтар бидонем, љињатњои мусбату манфии таљрибаи
таърихии худро амиќтар дарк бикунем, тарзњои навини истифода аз
таљрибаи таърихии худро кашф бикунем. Чашмандози таърихии мо
бо худшиносии миллии муќоисавї пањнои љањонро фаро мегирад.
286