
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Бархе аз онњо имрўз, яъне дар оѓози садаи XXI њам дар роњи иљрои
Ќонуни забон мониањо эљод мекунанд.
Набераву аберањои он тољикони русигўи садаи бистум, онњое,
ки дар аввалњои даврони истиќлоли Тољикистон, чунончи солњои
1992 - 1993 таваллуд шудаанд, имрўз, ки ба 14-15 даромадаанд,
њанўз забони тољикиро ёд нагирифтаанд. Бархе њељ намехоњанд, ки
ёд бигиранд, бархе андак ёд гирифта, чунон гап мезананд, ки ними
суханашон тољикї ва ниме русї буда, гоњ ба тамом русї, вале њар
љумла як-ду калимаю ибораи тољикї њам дорад. Чунин наврасону
нављавонон дар Душанбе хеле зиёданд. Умеди ин, ки бисёре аз онњо,
њатто баъзе фарзандони онњо ба лонаи забони тољикї ва фарњанги
анъании мо хоњанд баргашт, кам аст.
Бино бар ин бояд гуфт, ки бегонафарњангї дарди бадест, ки
агар як нафар гирифтори он гардад, чанд насли авлоди ў
наметавонанд аз он рањої биёбанд.
Дар садаи бист дар миёнаи тољикон шахсияти фарњангии
дугуна низ пайдо шуд. Касоне пайдо шуданд, ки аз фарњанги
миллии худ ва аз фарњанги бузурги русї баробар бањра бурдаанд,
омезиши ду фарњанг дар шахсияти онњо як сифати навини
дилписанде ба вуљуд овардааст. Бештари онњо шахсияти эљодкор
буда, дар адабиёту санъат фаъолият кардаанд. Сотими Улуѓзода,
Мирзои Турсунзода, Фазлиддин Муњаммадиев ва дигар
нависандагони тољик, чанде аз бастакорон, рассомон, артистњо,
донишмандон ва ѓайра аз њамин љумлаанд. Бо љусторњо ва
эљодкории онњо фарњанги тољикї, адабиёту њунар ва илми
Тољикистон ба роњњои нав даромад, сифати тозаи фарњангї,
синтези бадеъии шарќиву ѓарбї арзи вуљуд кард. Сифати тозаи
фарњанги бостонии мардуми тољик, он сифати нав, ки дар садаи
бист, дар ањди шўравї ба вуљуд омад, бештар бо шаклгирии
шахсияти фарњангии дугуна вобастагї дорад, чунин шахсиятро
шахсияти фарњангии дубањра биномем бењтар аст.
298