
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Љавононе, ки дар таълимгоњи миёна ва олии Тољикистон
илмњои асосиро ба забони русї ё англисї омўхтаанд, онњое, ки дар
хориљ тањсили илм кардаанд, мутахассисе хоњанд буд, ки дар соњаи
ихтисоси худ саводи тољикї надоранд. Чунончи, муњандис ё
иќтисоддон ё њуќуќшинос дар соњаи муњандисї, иќтисод ва њуќуќ
саводи русї, англисї дорад, аммо саводи тољикї надорад. Њар кас
илмњои даќиќ табиатшиносї – физика, кимиё, зистшиносї ва
ѓайраро ба русї ё англисї хонда бошад, дар ин илмњо саводи
тољикї надорад, аз саводи илмии тољикї, аз саводи ихтисосии
тољикї мањрум аст. Пас дар шароити Тољикистон кор кардани ў
душвор хоњад буд, илму ихтисосеро, ки ба даст овардааст,
наметавонад ба тарзе ки бояд ва шояд, ба хидмати халќи худ
бигузорад, наметавонад одитарии матолиби илмиро ба забони
тољикї ба мардуми тољик бифањмонад.
Аз таљрибаи замони шўравї медонем, ки он љавонони тољик,
ки дар донишгоњњои номдори Маскав, Ленинград, Киев,
Новосибирск ва дигарњо тањсили илм кардаанд, дар Тољикистон
наѓз хидмат карданд, ба мартабањои баланд расиданд, унвонњои
калони илмї гирифтанд, аммо бисёре аз онњо њанўз забони тољикии
илми худро намедонанд, њануз саводи тољикии илмї надоранд.
Мањрумияти кадри миллї аз саводи илмиву ихтисосии тољикї
яке аз сахттарин дардњои иљтимоъї дар Тољикистон аст, ки онро
даво кардан ва барои пешгирии густариши минбаъдаи он чора
андешидан зарур аст. Ин мањрумият људоие миёни мутахассис ва
миллат, мутахассис ва Ватан ба вуљуд меорад. Худбехабарии
фарњангии мутахассис, худбегонагї ва худнописандии ў низ аз
њамин љо оѓоз меёбад.
Таљрибаи бисёр кишварњои Шарќ, ки монанди мо кадри
миллии худро бештар дар хориљ, дар Урупову Амрико ва ѓайра
омода мекунанд, низ баъзе талхињо дорад. Љавононе, ки дар
Урупову Амрико тањсили илм кардаанд, аксаран ба ватан
308