
Хуросон аст ин љо
Дар фазои фарњангии кишвар, дар њама соњањои он бояд
рўњияи миллї ва забони давлатї њукмронии пурра дошта бошад.
Омўзиши забони русї ва англисї зарур аст, вале ин омўзишро ба
дараљаи ќабоњат, ба дараљаи худгурезї ва худзидої набояд
расонид. Њар кор њадду андоза дорад. Аз њадду андоза набояд
гузашт.
Бубинед, бегонапарварї чї шаклњои бемаънї гирифтааст.
Чанд гоњ аст, ки бархе аз равшанфикрони тољик дар матбуот аз
номгузории навбаромад шикоят мекунанд. Чунанчи, бисёре аз
маѓоза, тарабхона, ресторан, кафе, офисњо ва ѓайра номњои аљиби
хориљї доранд. Тропиканка, Диана, Клеопатра, Жасмин (яъне
ёсуман), Ева (яъне Њавво), Эдем, Элегант, Элита ва м. и. аз њамин
ќабиланд. Шак нест, ки бартарї додани «Жасмин» бар «ёсуман»,
«Ева» бар «Њавво», њама номгузорињои боло, номгузорињое аз
ќабили мењмонхонаи «Меркурий» (ва њол он ки Меркурий ба
забонн мо Муштарист), тарабхонаи «Сириус» (ба љои «Шеъро»),
кафеи «Золотой цыплёнок», ресторани «Вояж», бари «Эделъвейс»,
ошхонаи «Каприз», ресторани «Лесная сказка», фотосалони
«Перестиж», ошхонаи миллии «Белый аист» (аљабо, хатто барои
ошхонаи миллї як номи тољикї љустанро лозим надонистаанд!) ё
ки «Тољикпромбонк» (яъне Таджикский промышленный банк),
«Тољикагроинвестбонк» ва ѓайра њама беэътиної ба забони
давлатї ва Тољикистон, бењурматї ба миллати тољик аст.
Баъзењо агар пештар муассисаи худро номи тољикї дода
бошанд, акнун аз он ном шармида ва пушаймон шуда, зуд хатои
худро ислоњ карда истодаанд. Чунончи, тарабхонаи «Зарафшон»
њоло «Гладиатор» номида шуд.
Банда шак надорам, ки ин кор як намуна аз тољикибезорист,
безорї аз њар чизи тољикист.
Тољикибезорон корњои дигар њам кардаанд. Онњо њатто номи
Ибни Синоро ба шакли аслии он навиштан намехоњанд ва шакли
313