
Хуросон аст ин љо
ќавми тољик ва њаќќи меросбарии фарњангии ў , њаќќи ў ба забону
адабиёти њазорсола, ки забони форсї ва адабиёти форсї ном дошт,
њаќќи ў ба мероси фарњангии бостонї бояд исбот мешуд, то
худшиносии таърихї ва ёди фарњангии миллат дуруст шакл
бигирад.
Яъне боз њам, чунонки дар давраи Сомониён, буд, масъалаи
забон ва истиќлоли фарњангї, масъалаи фарњангу маънавият
ањамияти якумдараља пайдо кард.
Пешвои маънавии халќи тољик Садриддини Айнї, пешвоёни
сиёсии он Абдулќодир Муњиддинов, Нусратуллоњ Махсум,
Абдурањим Њољибоев, Шотемур, Чинор Имомов ќариб њама
зиёъиёни тољик талоши сахте оѓоз карданд. Матбуоти тољикии
тозабунёдро, ки аз соли 1924 пайдо шуд, рўзномањои «Овози
тољик», «Тољикистони сурх» ва маљаллаи «Рањбари дониш»-ро аз
назар гузаронем, мебинем, ки масъалаи асосї дар онхо масъалаи
забон, адабиёт, фарњанг аст. Сиёсати фарњангии замони шўравї ва
баъзе каљравињои идеологї имкон надод, ки чанде аз ин масъалањо
дуруст њал шавад, лекин њоло барои мо муњим он аст, ки муборизаи
зидди пантуркизм, мубориза дар роњи њифзи миллати тољик аз
мањви маънавї дар нимаи дувуми дањаи бистуми садаи бистум бо
пеш гузоштани масъалаи забон ва фарњанг шурўъ шуд ва ин
муборизаро давлати навбунёд ташкил кард.
Соли 2007 Донишгоњи фанноварї (технология)-и Тољикистон
китобе ба номи «Забони тољикї дар мабнои мубоњисањо» чоп кард,
дар ин китоб, ки бештар аз 700 сањифа дорад, маќолањои оид ба
забон, ки дар матбуоти тољикї аз соли 1926 то соли 1931 чоп шуда
буданд, гирд оварда шудаанд, Талоши фаъолтарин зиёъиёни тољик,
ки дар роњи њифзи забони миллии мо, содагиву равонии он, тоза
кардани он аз бодовардњои замон кардаанд, инчунин муборизаи
равшанфикрони тољик бо пантуркизм ва падидањои гуногуни он аз
ин китоб хеле хуб дида мешавад. Аз китоби «Забони тољикї дар
325