Хуросон аст ин љо
аз маънавият ва рўњияи миллї бошад. Агар баќои умри миллатро
хоњонем, зарур аст, ки тањсилот аз оѓоз то анљом бо маънавият ва
фарњанги миллї фаро гирифта шуда бошад. Барои ин ки чунин
маќсад ба даст биёяд, лозим аст, ки дар тањсили миёна ва олї, аз
љумла дар донишгоњњои тахассусие, аз ќабили донишгоњи иќтисод,
молия, њуќуќ, фанну фанноварї ва монанди инњо илмњои инсонї
мавќеъи басазо дошта бошад, дарсњое чун дарси забону адабиёт,
таърихи умумї, фалсафа ва ирфон, асосњои ислом, таърихи динњои
љањонї, зебошиносї ва ѓайра барои донишљўёни њама риштањо
њатмї бошанд. Ин њам муњим аст, ки дар дарсњои таърих на
таърихи зоњирї ва воќиотї ва бозшумурди рўйдодњо, балки
фалсафаи њастии таърихии миллат ва халќњои љањон мавриди
омўзиш бояд ќарор биёбад. Зоњирписандї гоњ танњо ба хотири
моњиятљўї љоиз аст.
Ба назар мерасад, ки дар охирин синфњои мактаби миёна ва
дар донишгоњњо дарси таърихи фарњанги маънавї љорї кардан
лозим аст. Дар ин дарс бояд муњимтарин омўзањои гузаштагон,
чунончи омўзањои ихвонуссафо, Форобї, Ибни Сино, Берунї,
Хайём, Носири Хусрав, Сўњравардї, Насириддини Тўсї,
Бањоуддини Наќшбанд, Абдулќодири Љелонї, Хоља Ањрор,
Ањмади Дониш, Љамолиддини Афѓонї, Мањмуди Тарзї, Бењбудї,
Иќбол ва монанди инњо баррасї шавад. Дар ин омўзањо аќлу
заковати миллат гирд омадааст ва ба тањаввули таърихии миллат
акс андохтааст. Таърихи фарњанги маънавї хирадномаи миллат аст
ва онро ба дастраси миллат, ба хидмати миллат бояд гузошт. Њељ
мумкин нест, ки наслњои наврас илму фанни замонро аз худ
бикунанд, вале аз њирадномаи миллат бехабар бимонанд. Ба ин
дарс фишурдаи таърихи маънавияти Чин ва Њинд ва Аврупоро
илова кардан матлуб аст. Дарси таърихи фарњанги маънавї ба љои
асосњои марксизм-ленинизм дар њама факултетњо њатмї бояд
бошад.
339