Зарубежная художественная литература
  • формат doc
  • размер 323,35 КБ
  • добавлен 22 августа 2014 г.
Саъдии Шерозӣ. Гулистон
Муаллифи сарсухан Саҳобиддин Сиддиқов.
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи чунин мардони баргузидаи ҷомеаи башарист, ки бо эҷодиёт, таълифот ва таълимоти худ на танҳо барои форсизабонон хидмати бузурги таърихие кардааст, балки дар пешбурди тамаддун ва рушду камоли афкори бадеии ҷаҳонӣ низ саҳми носутурдание дорад. Афкору оро ва андешаҳои гуманистии Саъдӣ имрўз ҳам барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардондани сулҳ, таъмин намудани иттиҳоду иттифоқи халқу миллатҳои сайёраи мо хизмат карда истодааст. Шоҳиди барҷастаи ин маънӣ дар пештоқи даромадгоҳи Совети Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида бо забонҳои машҳури олам сабт шудани абёти зерини ҷовидонаи Саъдӣ мебошад, ки аз китоби «Гулистон»-и ў гирифта шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.